Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо аз Русия хост, ки "шаллоқ"-ро дар хона қонунӣ накунад


Турберн Ягланд, дабири кулли Шӯрои Аврупо
Турберн Ягланд, дабири кулли Шӯрои Аврупо

Турберн Ягланд, дабири кулли Шӯрои Аврупо аз аъзои порлумони Русия даъват кард, ки қонуни ҷурмзудоӣ аз "шаллоқҳо"-и хонагиро қабул накунад.

Ягланд дар номае ба Шӯрои Федератсияи Русия гуфт, ки зӯроварии равонӣ ва ҷисмонӣ ба занону кӯдакон ҷинояти сангин ва сӯиқасд ба ҳуқуқи инсон аст. Ба гуфтаи ӯ, нарм кардани ҷазои чунин амалҳо муборизаи зидди зӯроварӣ дар хонаводаҳоро ба нестӣ мебарад.

11 январ Думаи давалатии Русия тарҳи қонуни ҷурмзудоӣ аз шаллоқҳои хонаводагиро дар хониши аввал қабул кард. 386 намояндаи мардумӣ ба тарафдории ин тарҳ овоз доданд. Аз ин ба баъд латту кӯби якдафъаи дар хонавода ҷурм ҳисоб намешавад ва дар чаҳорчӯби қонуншиканиҳои маъмурӣ баррасӣ мегардад. Хониши дуввуми ин таҳр ба рӯзи 20 январ барномарезӣ шудааст.

Наздик ба 40 дар сади ҷиноятҳои вазнини Русияро дар хонаводаҳо содир мекунанд ва ҳамсола дар ин кишвар аз 12 то 15 ҳазор зан дар ҷанҷолҳои хонаводагӣ кушта мешавад.

XS
SM
MD
LG