Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳбарони Аврупо аз суханони Трамп нороҳат шуданд


Франсуа Олланд, президенти Фаронса

Франсуа Олланд, президенти Фаронса, дар посух ба интиқоди Доналд Трамп, раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико гуфт, ки Иттиҳоди Аврупо дар робита ба умури дохилияш ба машваратҳои берунӣ ниёз надорад. "Аврупо ҳамкориҳои фароатлантикиро идома медиҳад, вале ин ҳамкориҳо бар пояи манофеъ ва арзишҳои Аврупо сурат хоҳад гирифт", - афзуд Олланд дар маросиме бахшида ба анҷоми ваколати дипломатии сафири Амрико дар Порис Ҷейн Хартлӣ.

Доналд Трамп рӯзи 15 январ дар суҳбат бо нашрияҳои London's Times ва Bild ҷудо шудани Бритониё аз Иттиҳоди Аврупоро падидаи мусбат хонд ва гуфт, сиёсати либералии иттиҳод дар робита ба паноҳандаҳо эҳтимол дорад, ба берун рафтани кишварҳои дигар аз иттиҳод сабаб шавад.

Трамп садри аъзами Олмон Ангела Меркелро барои пазируфтани садҳо ҳазор паноҳанда дар соли 2015 интиқод кард ва ҳамла ба бозори "Крисмас"-ро паёмади ҳамин тасмим хонд. Меркел низ дар посух ба интиқоди Трамп гуфт, масъалаи терроризмро бо қабули паноҳандагон пайванд надиҳад.

Ҷон Керрӣ, котиби давлатии Амрико, дар суҳбат бо CNN ҳарфҳои Доналд Трампро "номуносиб" хонд ва гуфт "ба президенти ояндаи ИМА муносиб нест, ки дар бораи сиёсати кишварҳои дигар мустақим суҳбат кунад".

Доналд Трамп 20 январ савганд ёд мекунад ва раёсати ӯ расман оғоз мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG