Пайвандҳои дастрасӣ

Нашрияиҳои Чин: "Трамп бо оташ бозӣ мекунад"


Маҷаллаҳои Чин

Ду нашрияи бонуфӯзи Чин шарҳи президенти мунтахаби Амрикоро оиди Тайван "нафратовар" номиданд ва ҳушдор доданд, ки агар Трам баъди расидан ба қудрат низ Чинро боз ҳам таҳрик диҳад, Пекин низ дар муқобил "дасту остин бармезанад".

Ин ҳушдор як рӯз баъди сӯҳбати Доналд Трамп бо маҷаллаи The Wall Street Journal пахш шуд, ки дар он Трамп сиёсати Чини ягонаро қобили музокирот номид.

ба думболи ин Вазорати хориҷии Чин гуфт, ибтикори сиёсати Чини ягона соли 1979 гирифта шуд ва он қобили гуфтушунид нест.

"Агар Трамп тасмим дорад, ки ин масъаларо баъди расидан ба қудрат низ доман бизанад, як давраи шадид ва харобкунандаи ҳамкорӣ ногузир фаро мерасад, зеро Пекин ҳеҷ интихобе надорад, ба ҷуз ин ки " дастпӯшакҳояшро бикашад"- навиштааст China Daily рӯзномаи англиситзабони Чин, рӯзи 16 январ.

Рӯзномаи давлатии The Global Times илова ба навиштаи China Daily гуфт, ки "Трамп бо оташ бозӣ мекунад".

Доналд Трамп, ки рӯзи 20 январ расман ба мақоми президентӣ менишинад, моҳи гузашта дар заминаи як гуфтугӯи телефонӣ бо президенти Тайван Чинро хашмгин кард.

Чин Тайванро, ки аз соли 1949 то ҳол бо низоми худидорӣ пеш меравад, як бахши ҷудонашавандаи худ медонад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG