Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷон Бреннан Трампро ба эҳтиёткорӣ даъват кард


Ҷон Бренан, раҳбари Хадамоти марказии истихбороти ИМА

Ҷон Бреннан, раҳбари Хадамоти марказии истихборот (ЦРУ) аз раиси ҷумҳури мунтахаб Доналд Трамп даъват кард, ки дар робита бо Русия аз эҳтиёт кор бигирад. Ба гуфтаи ӯ, Трамп дар бораи тавоноиҳои Русия маълумоти комил надорад.

Бреннан, инчунин, президенти мунтахабро аз пахши изҳороти бемулоҳиза ва нашри шарҳу назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳушдор дод. Ӯ гуфт, баъди маросими савганд Трамп бояд аз манофеи миллии Иёлоти Муттаҳида ҳимоят кунад, ки масъулияти бузург дорад.

Трамп рӯзи 20 январ дар мақоми раиси ҷумҳури 45-уми Амрико савганд ёд хоҳад кард. Ӯ дар ҷараёни маъракаи интихоботияш борҳо аз муносибати беҳтар бо Русия сӯҳбат ва аз президент Владимир Путин ситоиш кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG