Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Oxfam: Дарзи миёни дорову нодорҳо ба сатҳи рекордӣ расид


Сарвати ҳашт миллиардери афсонавии ҷаҳон дар соли гузашта аз дороии 3,6 миллиард сокини Замин бештар шудааст. Ин иттилоъ дар гузориши созмони ҷаҳонии мубориза бо фақр - Oxfam зикр шудааст.

Тибқи гузориши мазкур, фарқ миёни табақаи сарватмандон ва камбағалон дар соли 2016 ба сатҳи нави рекордӣ расидааст. Ба ин тартиб, 1 дарсади одамони сарватманд 50 дарсати сарвати тамоми рӯи оламро соҳибанд. Фақиртарин сокинони Замин ҳамагӣ 0,16 дарсади сарвати дунёро дар ихтиёр доранд, омадааст дар гузориш.

Соли 2015 натиҷаи таҳқиқоти созмони мазкур фарқ мекард: эҳтимол мерафт, ки сарвати 62 миллиардер бо дороии 4 миллиард сокини фақиртарини дунё баробар аст. Маълумоти нави созмон асосан аз ҳисоби Ҳиндустону Чин такмил шудааст.

Дар гузориш омадааст, ки нахустин молики триллион ё триллионер мумкин аст, давоми 25 соли оянда падид ояд. Дар ҳоли ҳозир ҳар даҳумин сокини дунё дар як рӯз бо камтар аз ду доллар рӯз мегузаронад.

XS
SM
MD
LG