Дастаи «Истиқлол»-и Душанбе дар як бозии санҷишӣ, ки 15 январ дар Варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар баргузор шуд, тими “Ҳосилот”-и Фархорро бо ҳисоби 3:2 мағлуб кард. Ин бозиро қаҳрамони Тоҷикистон – “Истиқлол” – пеш аз сафараш ба Туркия бо «Ҳосилот», барандаи медалҳои нуқраи қаҳрамонии кишвар, ки рӯзҳои 31 январ ва 7 феврал бозиҳои марҳилаи пешакии Ҷоми AFC-2017-ро дар Варзишгоҳи марказии Душанбе муқобили тими «Шоҳин Осмоӣ», қаҳрамони Афғонистон, анҷом медиҳад, баргузор кард.
Тими “Истиқлол” таҳти раҳбарии сармураббии нави даста Мӯҳсин Муҳаммадиев рӯзи 17 январ ба шаҳри Анталияи Туркия меравад.
Ҳисобро дар бозии санҷишӣ Сайриддин Гаффоров, легионери “Ҳосилот” аз Узбакистон, дар дақиқаи 7-ум боз кард. Даҳ дақиқа пеш аз танаффус Манучеҳр Ҷалилов ҳисобро баробар намуд. Русиягӣ Дмитрий Барков, ки дар бошгоҳи «Истиқлол» аз озмоиш мегузарад, дар дақиқаи 50-ум голи дувуми душанбегиҳоро ба ҳадаф расонд. Пас аз дувоздаҳ дақиқа Ҷаҳонгир Алиев голи севуми “Истиқлол”-ро ба дарвозаи “Ҳосилот” ворид намуд. Ҳафт дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ Хайрулло Азизов, бозигари фархориҳо, ҳисобро тағйир дод.
Ин бозии ниҳоии санҷишии “Истиқлол” дар марҳилаи дувуми омодагии даста ба мавсими нави футбол маҳсуб мешуд. Тими “Истиқлол” таҳти раҳбарии сармураббии нави даста Мӯҳсин Муҳаммадиев рӯзи сешанбеи 17 январ ба шаҳри Анталияи Туркия сафар мекунад ва дар он ҷо муддати ду ҳафта ҷамъомади таълимиву тамриниашро мегузаронад.
Дастаи “Ҳосилот” бошад, бо раҳбарии сармураббӣ Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев омодагиро ба бозиҳои марҳилаи пешакии Ҷоми AFC-2017 муқобили тими «Шоҳин Осмоӣ» дар Варзишгоҳи марказии Душанбе идома медиҳад.
Бозии санҷишӣ
«Истиқлол» – «Ҳосилот» – 3:2
Голҳо: Сайриддин Ғаффоров, 7 (0:1). Манучеҳр Ҷалилов, 34 (1:1). Дмитрий Барков, 50 (2:1). Ҷаҳонгир Алиев, 62 (3:1). Хайрулло Азизов, 83 (3:2).
«Истиқлол» (Душанбе): Қурбоналӣ Бобоев (Рустам Ятимов, 46), Дэвид Мавутор, Амирбек Ҷӯрабоев, Соҳиб Саванкулов (Фаридун Шарифов, 26), Сиёвуш Асроров (Алишер Сафаров, 86), Аҳтам Назаров (Табрези Давлатмир, 46), Фатҳулло Фатҳуллоев (Ромиш Ҷалилов, 70), Ҷаҳонгир Алиев, Александр Кулиниц (Дилшод Восиев, 46), Манучеҳр Ҷалилов (Сӯҳроб Ҷалилов, 72), Дмитрий Барков.
«Ҳосилот» (Фархор): Фатҳулло Бобоев, Ҳасан Рустамов, Сафаралӣ Каримов, Ойбек Абдуғаффоров, Мӯсо Содиқ, Акуффо Гершон (Абдурасул Раҳмонов, 62), Сайриддин Ғаффоров (Хайрулло Азизов, 70), Иброҳим Рабимов, Муҳаммадҷони Ҳасан, Агблей Ҷонс (Саидалии Сафаралӣ, 80), Шодибек Ғаффоров (Абдусамад Ҳоҷибаев, 57).
Огоҳонида шуданд: Саидалии Сафаралӣ, Сайриддин Ғаффоров («Ҳосилот»).
Аз майдон хориҷ шуд (бо ҳуқуқи иваз кардан): Сиёвуш Асроров («Истиқлол»), 86 – корти дувуми зард.
Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).
15 январ. Душанбе. Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ. 600 тамошобин.