Намояндагони 70 кишвару созмон рӯзи 15 январ ба ҳамоиши азсаргиии музокироти сулҳи Исроил ва Фаластин дар Порис, пойтахти Фаронса, ҷамъ шуданд. Аммо, бино ба гузоришҳо, дар ин ҳамоиш намояндагони расмии Фаластину Исроил иштирок надоранд. Даври охири музокироти сулҳи Исроил ва Фаластин баъд аз нӯҳ моҳи баҳсҳо дар соли 2014 бидуни натиҷа поён ёфта буд. Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико барои иштирок дар ин конфронс ба Порис рафтааст. Аммо намояндагони Доналд Трамп, президенти мунтахаби Амрико, наомаданд. Мақоми Байтулмуқаддас яке аз масъалаҳои мушкил байни Исроил ва Фаластин аст. Доналд Трамп дар ҷараёни маъракаи пешазинтихоботияш ваъда дода буд, ки Байтулмуқаддасро ба ҳайси пойтахти Исроил шинохта ва сафорати кишварашро аз Тел-Авив ба онҷо хоҳад кӯчонд.