Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назарбоев сафари имсолаашро аз Иморот сар кард


Нурсултон Назарбоев аз дарозумртарин ҳокимони Осиёи Марказист
Нурсултон Назарбоев аз дарозумртарин ҳокимони Осиёи Марказист

Нурсултон Назарбоев, раиси ҷумҳури Қазоқистон, бо сафари дурӯза ба Имороти Муттаҳидаи Араб рафтааст. Ин сафари нахустини Назарбоев дар соли нави 2017 рӯзи 15 январ оғоз ёфт. Вай дар ҷараёни сафараш бо шоҳзодаи Абу-Дабӣ Муҳаммад бин Зайд бин Султон ал-Наҳян ва мақомоти дигари расмӣ мулоқот хоҳад кард. Ғайрат Лама Шариф, сафири Қазоқистон дар Иморот, рӯзи 14 январ ба нашрияи "Ҳақиқати Қазоқистон" гуфтааст, ки дар ҷараёни сафари президент Назарбоев имзои чанд санад, аз ҷумла қарордод дар умури ҷаҳонгардӣ, молия ва иқтисоду энержӣ дар назар аст. Аз моҳи январ то октябри соли 2016 додугирифт миёни Қазоқистону Имороти Муттаҳидаи Араб 285 миллионро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2015 тақрибан чаҳор баробар бештар аст. Сафири Қазоқистон гуфтааст, афзоиши додугирифт асосан ба содироти маҳсулоти кишоварзони кишвараш марбут буданд. Нурсултон Назарбоев рӯзи 16 январ дар ҳамоиши World Future Energy дар Абу-Даби ҳам иштирок хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG