Пайвандҳои дастрасӣ

Нерӯҳои ироқӣ донишгоҳи Мавсилро пас гирифтанд


Нерӯҳои давлати Ироқ рӯзи шанбе тавонистанд, донишгоҳи Мавсилро аз дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" пас бигиранд. Мақомоти расмии Ироқ гуфтанд, бозпасгирии донишгоҳ яке аз пешрафтҳои калидӣ дар амалиёти наҷоти Мавсил ба шумор меравад. Бинои донишгоҳи Мавсил, ки яке аз бузургтарин донишгоҳҳо дар Ироқ аст, дар шимоли шаҳр ва дар соҳили шарқии рӯди Даҷла ҷойгир аст. Даҷла Мавсилро ба ду бахш тақсим мекунад. Донишгоҳи Мавсил яке аз пойгоҳҳои асосии гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар ин шаҳр буда, озмоишгоҳҳое барои сохти силоҳи кимиёӣ дар он ҷойгир шуда буд. Амалиёти озод кардани шаҳри Мавсил аз дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" расман 17 октябри соли гузашта оғоз шуд. Мавсил се сол пеш ба тасарруфи ҷангҷӯёни гурӯҳи "Давлати исломӣ" даромада, ҳамчун маркази аслии афроди ин гурӯҳ дар Ироқ ба шумор меравад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG