Артиши Ироқ рӯзи 14 январ беш аз чоряки ҳудуди Донишгоҳи шаҳри Мавсилро аз дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" гирифтааст. Дар ҳоли ҳозир муқовимат барои комилан таҳти назорат даровардани донишгоҳ дар қисмати шарқии ин шаҳр идома дорад. Нерӯҳои артиши Ироқ мегӯянд, Донишгоҳи Мавсил яке аз пойгоҳҳои асосии гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" дар ин шаҳр буда, озмоишгоҳҳое барои сохти силоҳи кимиёӣ дар он ҷойгир шуда буд. Амалиёти озод кардани шаҳри Мавсил аз дасти ҷангҷӯёни гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" расман 17 октябри соли гузашта оғоз шуд. Мавсил яке аз шаҳрҳои калонтарини Ироқ ва маркази вилояти Найнаво, дар шимоли он кишвар воқеъ мебошад. Ин шаҳр се сол пеш ба тасарруфи ҷангҷӯёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» даромада ва ҳамчун маркази аслии афроди ин гурӯҳ дар Ироқ ба шумор меравад.