Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мақоми аршади “Ал-Қоида” кушта шудааст


Як мақоми аршади гурӯҳи “Ал-Қоида” дар нимҷазираи Арабдар ҳамлаи ҳавопаймои бесарнишини Амрико дар Яман кушта шудааст. Питер Кук, масъули дафтари матбуоти Пентагон, рӯзи ҷумъа дар як баёния марги Абдулғанӣ Ар-Расосро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, Амрико қасд дорад, амалиёти террористии гурӯҳи “Ал-Қоида” дар Яман ва минтақаро хунсо кунад. Вашингтон шохаи “Ал-Қоида” дар Яманро ба унвони яке аз хатарноктарин гурӯҳҳо алайҳи амнияти амрикоиҳо қаламдод мекунад ва муддатҳост, ки бо ҳамлаҳои бесарнишин ба дунболи шикори фармондеҳони ин гурӯҳ дар Яман аст.

XS
SM
MD
LG