Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷлиси Намояндагон розӣ шуд, Маттис Пентагонро раҳбарӣ кунад


Ҷеймс Маттис
Ҷеймс Маттис

Маҷлиси Намояндагони Амрико қонунеро тасвиб кард, ки ба генерали мустаъфӣ Ҷеймс Маттис иҷоза медиҳад, ба Вазорати дифоъ ё Пентагон раҳбарӣ кунад. Ин санад ба зудӣ барои имзо ба Барак Обама, раиси ҷумҳури кунунӣ, фиристода хоҳад шуд. Бар асоси қонуни федеролии Амрико, сарвари Пентагон то замони таъинаш ба ин мақом бояд ҳафт сол аз хадамоти фаъол дур шуда бошад. Бинобар ин, барои тасдиқи номзадии ӯ аз ҷониби Сенат, Конгресс бояд ба қонун тағйирот ворид кунад. Конгресс танҳо як дафъаро дар соли 1950, ҳангоми таъини вазири дифоъ Ҷорҷ Маршал истисно кардааст. Генерали мустаъфӣ Ҷеймс Маттис то соли 2013 дар мақоми раҳбари Фармондеҳии Марказии ИМА дар умури Ховари Миёна ва Осиёи Марказӣ фаъолият дошт. Дар замони ҷанги Афғонистону Ироқ ба нерӯҳои дарёгарди пиёданизом раҳбарӣ мекард. Ҳангоми таъйиди номзадияш ба мақоми раҳбари Пентагон, Ҷемс Маттис Русияро барои ҳамлаҳои ҳакерӣ муттаҳам кард.

XS
SM
MD
LG