Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири пешини иқтисоди Қазоқистонро 2 моҳ ҳабс карданд


Қуандик Бишимбоев, собиқ вазири иқтисоди Қазоқистон
Қуандик Бишимбоев, собиқ вазири иқтисоди Қазоқистон

Додгоҳи Остонаи Қазоқистон Қуандик Бишимбоев, вазири пешини иқтисоди миллии ин кишварро барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ маҳкум кард.

"Дирӯз муҳлати боздошти ӯ, ки муфаттишон дар ҷараёни он бояд айбро эълон мекарданд, ба поён расид ва додгоҳ низ тасмим гирифт, ки вазири пешин ба ҳабс гирифта шавад", - гуфтааст мақоми додгоҳи Остона.

Хабари боздошти вазири пешини иқтисоди Қазоқистон бо иттиҳоми ришавахорӣ 10 январ расонаӣ шуд ва ӯ феълан дар боздоштгоҳи муваққатии Остона нигаҳдорӣ мешавад. Вазири пешинро ба "гирифтани ришва дар ҳаҷми калон ва бо маслиҳати пешакӣ айбдор мекунанд.

Истеъфои Бишимбоев дар охирҳои моҳи декабри соли 2016 ба фаъолиятҳои ӯ ҳамчун раҳбари ширкати "Байтерек" рабт дорад. Мақомоти зидди фасоди Қазоқистон моҳи ноябри соли гузашта тафтиши фаъолияти раҳбарони "Байтерек DEVELOPMENT"-ро, ки ба ҳайати ширкати миллии "Байтерек" шомил аст, оғоз карданд.

Раҳбарони феълӣ ва пешини чаҳор шӯъбаи "Байтерек Development" ба он муттаҳам шудаанд, ки аз ширкати бинокории "Project City Group" наздик ба 300 миллион танга, баробар ба 900 ҳазор доллари амрикоӣ ришва гирифта, дар иваз бунёди манзилҳои иҷораро ба он супоридаанд.

Миёни боздоштшудаҳо исми муовини мудири "Байтерек DEVELOPMENT" Аслан Ҷакупов, писари ҳокими пешини Қазоқистони ҷанубӣ ва раиси пешини порлумон Кабибулло Ҷакупов низ ҳаст.

XS
SM
MD
LG