Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

М.Пиров: "60% барномаҳои телевизион таҳлилӣ мешаванд"


Кумитаи радио ва телевизион тасмим дорад дар соли 2017, то 60 дарсад барномаҳои телевизиони давлатии "Тоҷикистон" (собиқ Шабакаи аввал) барномаҳои таҳлилӣ бошанд. Дар ин бора Маҳмадсаид Пиров, раиси Кумитаи радио ва телевизион 13 январ дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ шабакаҳои телевизионии дигар низ вобаста ба оинномаи худ, барномаҳояшонро таҳияву пешкаш хоҳанд кард. Ин дар ҳолест, ки "Тоҷикистон"- телевизиони давлатии Тоҷикистон дар қиёс бо шаш шабакаи телевизонӣ аз ҷумла“Сафина”, ки фарҳангӣ ва “Баҳористон”-телевизион барои бачагон ва наврасон аст, аз муҳимтарин минбарҳои таблиғотии ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад ва бештари барномаҳояш хабарӣ ҳастанд.

Ҳамчунин ин кумита мехоҳад, дар ду соли оянда тамоми барномаҳои худро дар шабакаҳои телевизонӣ бо формати нави таҷҳизоти телевизионии HD таъмин ва таҳия созад. Ҳоло дар кишвар танҳо телевизони тозатаъсиси “Варзиш” бо таҷҳизоти нав таъмин буда ва барномаҳояшро дар формати HD пахш мекунад. Хуршед Ҳабибов директори генералии "Телерадиоком" гуфт, онҳо барои гузаштан ба формати HD аллакай аз ширкати як австралиягӣ таҷҳизоти заруриро харидорӣ кардаанд ва шабакаҳои телевизонӣ барои пахши барномаҳояш бо ин форматро омода мекунанд.

Видеоҳои охирин

"Озодии Зайд Саидов ду роҳ дорад - ё авфи умумӣ, ё президент ӯро бубахшад"
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:50 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG