Пайвандҳои дастрасӣ

Аз Бонки ҷаҳонӣ даъват шуд, ки ба Қирғизистон кӯмак накунад


Ҷим Ёнг Ким- раҳбари Бонки Ҷаҳонӣ

Кумитаи ҳифзи рӯзноманигорон бо ирсоли як нома ба роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ гуфтааст, то замоне, ки ҳукумати Қирғизистон Азимҷон Аскаровро аз зиндон раҳо накунад, ба ин кишвар кумак нафиристанд.

Ин нома мегӯяд, Бонки ҷаҳонӣ яке аз созмонҳоест, ки ба Қирғизистон кумаки молӣ ва техникӣ мерасонад ва ислоҳоти иқтисодии ин кишварро сармоягузорӣ мекунад. Аммо бе риояи қонунҳо ва эҳтироми ҳуқуқи инсон, аз ҷумла озодии баён, рушди иқтисодӣ ва ислоҳот номумкин аст.

Маллифони нома мегӯянд, ки мақомоти Қирғизистон бояд уҳдадориҳои байналмилалиашро ба иҷро расонад ва Аскаровро озод кунад. Бонки ҷаҳонӣ аз соли 1992 ба ин сӯ дар Қирғизистон 1,3 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст.

Азимҷон Аскаров дар ноҳияи Бозор-Қурғони вилояти Ҷалолобод ба сар мебурд ва ба фаъолияти вакилӣ машғул буд. Баъди низои соли 2010 дар ҷануби ин кишвар бо гумони ташкили бетартибиҳо ва ширкат дар куштори корманди пулис боздошт шуд. Аскаров бо қарори ҳамаи зинаҳои додгоҳӣ ба ҳабси абад маҳкум шуд.

Моҳи апрели соли 2016 Кумитаи ҳифзи ҳуқуқи инсони СММ аз мақомоти Қирғизистон даъват кард, ки ҳукми Аскаров бозбинӣ шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG