Пайвандҳои дастрасӣ

CNN аз Трамп хост, ки иттиҳоми нашри матлаби "ҷаълӣ"-ро собит кунад


Шабакаи телевизионии CNN дар як муроҷиатнома аз президенти мунтахаб Доналд Трамп даъват кард, ки иштибоҳи шабакаро дар заминаи пахши хабари маълумоти бадномакунандаи Русия алайҳи ӯ, нишон диҳад.

Ин муроҷиат дар ҳоле пахш шуд, ки рӯзи чоршанбе президенти мунтахаб дар ҷараёни нахустин нишасти матбуотияш CNN-ро ба пахши хабарҳои дуруғин муттҳам кард.

Матбуоти Амрико ва Британия, бо шумули CNN, рӯзи 10 январ гуфтанд, ки дар гузориши истихбороти Амрико оиди ҳамлаҳои ҳакерии Русия маълумоте ҳаст, ки гӯё истихбороти Русия дар бораи зиндагии хусусӣ ва молии Трамп маводи бадномкунанда дорад. CNN дар пахши ин матлаб ба манбаҳое дар ҳукумати Амрико такя кард.

Трамп ин иттиҳомро "ҷаълӣ ва айбгузории беасос" номид ва гуфт, ки Русия ҳеҷ гоҳ ба ӯ фишор наовардааст ва парвандае, ки аз рӯи ӯ ҷамъоварӣ кардаанд сохта аст. Дар Кремл низ мавҷудияти маводи бадномкунандаро рад карданд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG