Пайвандҳои дастрасӣ

АИ: Дастгоҳи нави амалиёти саратони ҷигар ба истифода дода шуд


Олимони тоҷик таҷҳизотеро ихтироъ кардаанд, ки бидуни масрафи хун метавонад амалиёти ҷарроҳии ҷигар, аз ҷумла барои рафъи бемории саратонро, анҷом диҳад. Фарҳод Раҳимӣ, раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон 12 январ дар нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки ихтирои чунин таҷҳизот яке аз дастовардҳои нодири олимони кишвар дар соли гузашта мебошад. Ҷаноби Раҳимӣ дар сӯҳбат бо Радио Озодӣ гуфт, ки ин таҷҳизотро донишмандони Пажӯҳишгоҳи фанноварӣ ва физикаи ба номи Султон Умарови Тоҷикистон ихтироъ кардаанд.

Ба гуфтаи раиси Академияи илмҳои Тоҷикистон тавассути ин таҷҳизот ҳар гуна захм ва варамҳо, аз ҷумла варамҳои саратонӣ бо истифода аз азот, ки дараҷаи хеле пасти ҳарорат дорад, бидуни сарфаи хун аз ҷигар ҷудо карда мешавад. Вай афзуд: “То ҳол дар Тоҷикистон 52 амали ҷарроҳӣ бо истифода аз ин таҷҳизот анҷом дода шудааст ва вазъи саломатии ҳамаи беморон, аз ҷумла мубталоҳои саратони ҷигар, хуб аст.

Дар охири соли гузашта Масъуд Миршоҳӣ, ҷарроҳи қалб аз Фаронса ба Душанбе омада, бо кори ин таҷҳизот шинос шуд. Вай гуфт, ки ин дастгоҳ дар ҷаҳон беназир мебошад. Мо ҳоло ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои сабти номи ин ихтироъро ба созмони ҷаҳонии патентӣ ё муҷаввиздиҳӣ фиристодем ва дар сурати тасдиқи он, тавлиди ин дастгоҳ дар Тоҷикистонро оғоз мекунем. Минбаъд ин таҷҳизотро метавонем ба куллияи кишварҳои ҷаҳон ба фурӯш гузорем”.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG