Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷамила Лангарӣ сардори Саридораи бойгонӣ шуд


Ҷамила Лангарӣ, намояндаи хонаводаи як замон пурнуфузи Лангариевҳо, аз фармондеҳони маъруфи Фронти халқӣ, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон сардори Саридораи бойгонӣ таъин шудааст. Вай то ин дам ба ҳайси муовини шаҳрдори Душанбе кор мекард. Дар гузашта ӯ ноиби раиси Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон оид ба тарбия ва фарҳанг буд. Бар асоси қарори дигари ҳукумат аз 11 январ, Дилором Мирсаидова, ки то ин замон дар мақоми сардори Саридораи бойгонии назди ҳукумати Тоҷикистон буд, ба сабаби ба кори дигар гузаштан, аз ин симат озод карда шудааст. Вале гуфта нашудааст, ки Мирсаидова дар кадом вазифа ба фаъолияти худ идома хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG