Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фейсбукиҳо барои интиқоди Отамбоев ба КДАМ даъват шуданд


11 корбари Фейсбук ба Идораи амнияти миллии вилояти Ҷалолободи Қирғизистон даъват шуда, барои навиштаҳои интиқодияшон дар бораи президент Алмосбек Отамбоев огаҳӣ гирифтаанд.

Даъватшудагон аз ноҳияҳои Сузак, Бозор-Қурғон ва Оқсуянд. Ба гуфтаи корбарон, онҳо баъди гирифтани ҳушдор навиштанро дар шабакаҳои иҷтимоӣ қатъ кардаанд.

Намояндагони Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ин қазияро шарҳ намедиҳанд.

Қаблан расонаҳо гуфтанд, КДАМ-и ин кишвар шахсияти даҳҳо нафарро, ки нисбати Отамбоев маводи манфӣ чоп мекунанд, ошкор кардааст. Тибқи гузоришҳо, IP-адреси бештари онҳо дар хориҷ аст.

XS
SM
MD
LG