Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бар асари ҳамлаи ҳавоӣ ба мактаби Яман 5 нафар кушта шуд


Дар пайи ҳамлаи ҳавоии эътилофи таҳти назари Арабистони Саудӣ, дар шимоли Яман панҷ сокини мулкӣ, бо шумули ду кӯдак ҳалок шуданд. Бомба ба бинои мактаби ибтидоии ноҳияи Ниҳм афтода, ду кӯдак, директори мактаб ва ду муаллимро кушта ба ҷо гузошт. Гуфта мешавад, ки дар ин ҳодиса 13 нафар захм бардоштааст..

Низои мусаллаҳона дар Яман моҳи сентябри соли 2014 оғоз шуд. Ҳусиҳо, ақаллиятҳои шиамазҳаби Яман бо пуштибонии Эрон бо ҳукумати қонунии ин кишвар, ки эътилофи таҳти назари Саудӣ аз он пуштибонӣ мекунад, мубориза мебарад.

XS
SM
MD
LG