Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳошимии Рафсанҷонӣ ба хок супурда шуд. ВИДЕО, АКС


Ҷасади Алиакбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, яке аз бунёдгузорони Ҷумҳурии Исломӣ ва аз умдатарин чеҳраҳои сиёсӣ дар чанд даҳаи гузашта дар Эрон, рӯзи 10 январ дар оромгоҳи Оятуллоҳ Хумайнӣ ба хок супурда шуд. Дар маросими видоъ ва хоксупории ӯ ҳазорҳо нафар иштирок карданд.

Маросими ҷанозаи Алӣ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ соати 10-и рӯзи 10 январ ба вақти Эрон оғоз шуд ва баъд аз зуҳр ба поён расид. Намози ҷанозаи Ҳошимии Рафсанҷонӣ бо имоматии раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ баргузор шудааст.

Ба ғайр аз хонаводаи Ҳошимии Рафсанҷонӣ, ҳамчунин, набераи Имом Хумайнӣ - Саидҳасан Хумайнӣ, вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммадҷавод Зариф, раиси порлумони Эрон Алии Лориҷонӣ аз ҷумлаи ашхосе буданд, ки пайкари Алӣ Акбар Ҳошимии Рафсанҷониро ба хок супурданд.

Наворҳои мунташиршуда нишон медиҳад, ки гурӯҳе аз ширкаткунандагон дар ҳоли сар додани шиор дар ҳимоят аз Мирҳусайн Мусавӣ, аз чеҳраҳои мухолиф ба интихоботи соли 2009, ки дар ҳабси хонагӣ ҳаст, мебошанд. Гурӯҳе аз ширкаткунандагон дар маросим дар ҳимоят аз Муҳаммад Хотамӣ, ки гуфта мешавад, ба ӯ иҷозаи ширкат дар маросимро надоданд, низ шиор сар додаанд.

Ҳошимии Рафсанҷонӣ, яке аз чеҳраҳои муҳими Ҷумҳурии Исломӣ аз оғози ба қудрат расидани ин низом дар соли 1979, шаби 8 ба 9 январ бар асари сактаи қалбӣ даргузашт. ​Вай соли 1934 дар вилояти Кирмон дар хонаводаи марди деҳқон ба дунё омада, чанд навбат аз тарафи маҷаллаи "Форбс" дар радифи сарватмандҳо қарор гирифтааст. Вай дар замони ҷавонӣ ба ҷунбишҳои исломӣ ҳамроҳ шуда, дар зиндони ҳукумати шоҳи Эрон низ ба сар бурдааст.

Аммо ӯ баъди пирӯзии инқилоби исломӣ яке аз мақомҳои қудратманд дар Эрон ба шумор мерафт. Вай беш аз ду давра раиси Маҷлис, аз соли 1989 то 1997 раиси ҷумҳури Эрон ва то замони маргаш раҳбари Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом, яке аз ниҳодҳои калидӣ буд. Вай дар интихоботи соли 2005 низ худро номзад кард, вале аз Маҳмуди Аҳмадинажод шикаст хӯрд.

Оқои Рафсанҷонӣ дар замони раёсати Маҳмуди Аҳмадинажод ба яке аз мунтақидони ӯ ва бархе аз ниҳодҳои зери назари раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ табдил ёфт. Дар ҳоли ҳозир Маҳдии Ҳошимӣ, писари Ҳошимии Рафсанҷонӣ, дар зиндони Эвин ба сар мебарад. Вай бо ҷурми ҷиноёти молиявӣ, аз ҷумла, сарфи маблағи буҷа ва нақзи амният ба даҳ соли маҳбас маҳкум шудааст. Қаблан духтараш Фоиза Ҳошимӣ низ зиндонӣ шуда буд.

Ҳошимии Рафсанҷонӣ ба хок супурда шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:01 0:00

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG