Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Баъзеҳо ба хотири фирор аз қонун дар хориҷ издивоҷ мекунанд"


Ҷумъахон Ғиёсов
Ҷумъахон Ғиёсов

Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, ки бархе аз шаҳрвандони манотиқи марзӣ, ба хотири гурез аз қонун, маросими арӯсии худро дар Қирғизистон баргузор мекунанд. Ҷумъахон Ғиёсов, муовини раиси Кумитаи дин, рӯзи 10 январ зимни нишасти хабарӣ гуфт, масъулони ин ниҳод ҳоло ин масъала пайгирӣ хоҳанд кард. Ин масъули Кумитаи дини Тоҷикистон ҳамзамон гуфт, ки ба имом-хатибон супориш шудааст, ки дар маҳалҳои худ иҷозат надиҳанд дигар рӯҳониҳо маросими никоҳро анҷом диҳанд ва ин амр ба хотири ҷилавгирӣ аз никоҳҳои тасодуфӣ рӯи даст гирифта шудааст. Масъулони Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир дар кишвар 3 ҳазор имом-хатиб фаъолият мекунанд.

XS
SM
MD
LG