Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон 90 конро барои истихроҷ пешниҳод мекунад


Саридораи “Геологияи тоҷик” мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир 90 кон дар кишвар барои истихроҷ омода ҳастанд ва ба ширкатҳои довталаб пешниҳод карда мешаванд. Муродхол Ҷумъазода, раҳбари Саридораи “Геологияи тоҷик” рӯзи 10 январ зимни нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки дар гузашта бархе аз ширкатҳои хориҷӣ истихроҷи бархе аз конҳо, аз ҷумла “Назарайлоқ” ва “Зиддӣ”-ро ба дӯш гирифтанд ва сипас дар нимароҳ корро тарк карданд.

Ҷаноби Ҷумъазода афзуд, ки акнун Тоҷикистон комиссия таъсис дода ва тайи се сол вазъи конҳо ва шартҳои худро барои ширкатҳои довталаб, ки талабгори истихроҷи конҳои Тоҷикистон ҳастанд, пешниҳод мекунад. Ба гуфтаи раҳбари Саридораи “Геологияи тоҷик”, дар ҳоли ҳозир аллакай 10 кон барои истихроҷ омода мебошад ва ҳар ширкате, ки даъвои кор мекунанад, дар сурати пазируфтани шартҳои Тоҷикистон, соҳиби иҷозатномаи фаълият мешавад. Муродхол Ҷумъазода ҳамзамон гуфт, ки Тоҷикистон дар соли 2016 ба ҳеҷ ширкат барои истихроҷи конҳо муҷаввиз содир накардааст.

XS
SM
MD
LG