Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роналду футболбози беҳтарини ҷаҳон дар соли 2016 эълон шуд


Криштиану Роналду, ҳамлагари мунтахаби Португалия ва бозигари дастаи "Реал"-и Мадрид, футболбози беҳтарини ҷаҳон дар соли 2016 эълон шуд. Барои дарёфти ин ҷоизаи Федератсиюни байналмилалии футбол ё ФИФА Лионел Мессӣ аз Аргентина ва Антуан Гризманни фаронсавӣ низ довталаб буданд. ​Карли Ллойд аз Амрико футболбози беҳтарини зан дар соли гузашта муаррифӣ гардид. Аз ин пеш, дар моҳи декабри соли 2016 Криштиану Роналду бори чаҳорум барандаи "Тӯби тиллоӣ" шуд. Вай дар солҳои 2008, 2013 ва 2014 низ "Тӯби тиллоӣ"-ро соҳибӣ карда буд.

XS
SM
MD
LG