Мақомоти Русия як шаҳрванди Тоҷикистонро ба иттиҳоми таҳдид ба афроди сарватманди вилояти Челябинск боздошт кардаанд. Аз ин шаҳрванди Тоҷикистон ном бурда намешавад, аммо даъвогарон гуфтаанд, ки ӯ дар сӯҳбатҳои телефонӣ худро “Муҳаммад” номидааст. Ба қавли даъвогарон, вай аз ҳар кадоме 2 миллион рублӣ талаб карда ва дар сурати саркашӣ “тарконданашонро” ваъда додааст. Хабаргузории “Доступ 1” дар вилояти Челябинск рӯзи 9 январ бо такя ба қавли пулис навишт, "гумонбар гуфтааст, барои анҷоми ин кор гурӯҳи махсус ҳам дорад. Барои пардохти иловагӣ ваъда додааст, ки аз сарватманон ҳимоят карда ва барои аз байн бурдани рақибонашон ёрӣ хоҳад дод.” Нафари гумонбар дар пайи амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар шимоли ғарби Челябинск боздошт шуда, таҳқиқи ҳодиса ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст. Мақомот гуфтаанд, дертар маълум хоҳад шуд, ки дар робита ба ӯ парвандаи ҷиноӣ боз мегардад, ё не.