То охири моҳи январи имсол нишасти Кумисюни байнидавлатии Тоҷикистону Русия баргузор хоҳад шуд. Дилшод Шарифӣ, як масъули Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, рӯзи 9 январ гуфт, “ин нишаст дар шаҳри Душанбе мегузарад”. Ба қавли ӯ, ду тараф масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахши иқтисоду энержӣ ва иҷтимоиро баррасӣ хоҳанд кард. Гуфта мешавад, ҳайати расмии Тоҷикистонро дар нишаст нахуствазир Қоҳир Расулзода раҳбарӣ мекунад. Ҳамоиши ҳайатҳои расмии Душанбеву Маскав дар ҳоле сурат мегирад, ки сафир Игор Лякин-Фролов дафъаҳои охир аз гаронии андоз дар Тоҷикистон шикоят кардааст. Вай гуфтааст, чунин раванд қомати намояндагии баъзе аз ширкатҳои русиро хоҳад шикаст. Аммо як манбаи муътамад ба Радиои Озодӣ гуфт, эҳтимол дар ин нишаст масъалаи парвози ҳавопаймоҳо аз фурудгоҳи “Жуковский”, бахусус ҳавопаймоҳои ширкати русии “Ямал” ба Душанбеву Хуҷанд низ баррасӣ шавад.