Як мошини боркаш ё комюн дар маркази Йерусалим гурӯҳи сокинонро пахш карда, дар натиҷаи он 4 нафар, як марду се зан, ҷон бохтаанд. Мақомоти Исроил рӯзи 8 январ гуфтанд, ки 15 тани дигар ҷароҳат бардошта, вази се нафарашон вахим аст. Мошини боркаши тамғаи "Мерседес" ба сокинон дар ҳоле бархӯрдааст, ки онҳо аз автобус берун мешуданд. Дуртар аз маҳалли ҳодиса сарбозон будаанд ва дарҳол тир кушода, ҳамлагар куштаанд. Мақомоти Исроил ин ҳодисаро террористӣ хонданд. Хабаргузории Ройтерс мегӯяд, ҳарчанд солҳои охир ҳамлаи фаластиниҳо дар кӯчаҳои Исроил коҳиш ёфтааст, аммо комилан аз байн нарафтааст.