Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 5 нафар дар робита ба қатли Андрей Карлов


Акси Мавлуд Олтинтош
Акси Мавлуд Олтинтош

Пулиси Туркия дар доираи таҳқиқи қатли Андрей Карлов, сафири Русия дар Анкара, 5 нафарро боздошт кардааст. Мақомот гуфтанд, чор нафари онҳо аз ҳамкорони Мавлуд Олтинтош, қотили сафири Русия, ҳастанд. Дар ин бора хабаргузории "Анадолу" иттилоъ дод. Ба қавли додситонии шаҳри Измир, боздоштшудаҳо "куратори курсантҳои" тарафдори Фатҳуллоҳ Гулен, рӯҳонии мухолифи ҳукумати Туркия ва муқими Иёлоти Муттаҳида буданд.

Сафир Андрей Карлов шоми 19 декабри соли гузшта ҳангоми суханронӣ дар намоишгоҳи аксҳои “Русия аз нигоҳи туркҳо” дар Анкара кушта шуд. Мақомоти Туркия гуфтанд, ҳамлавар Мавлуд Олтинтош, корманди собиқи пулис буд, ки тобистони имсол дар доираи таҳқиқоти табаддулоти нофарҷом аз мақомаш барканор шудааст. Аммо ӯ ҳангоми тирпаронӣ ба сӯи сафири Русия нидои “Аллоҳу акбар” садо дода ва Русияро барои амалиёташ дар Сурия ва бахусус Ҳалаб айбдор кард.

Қаблан нашрияи “Миллият”-и Туркия навишт, ҳангоми кофтукоб аз манзили Мавлуд Олтинтош китобҳои марбут ба созмони “Ал-Қоида” ва ҷунбиши Фатҳуллоҳ Гулен ёфт шудааст. Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия низ Олтинтошро ба ҷунбиши Фатҳуллоҳ Гулен нисбат дода буд. Вале Гулен ин иттиҳомотро рад карда, баръакс, иддао намуд, ки «қотил борҳо ба ҳайси муҳофизи Эрдуғон фаъолият кардааст.»

XS
SM
MD
LG