Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири Исроил бори дувум бозпурсӣ шуд


Бенямин Нетаняҳу
Бенямин Нетаняҳу

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, дар тӯли тақрибан як ҳафтаи охир бори дувум мавриди бозпурсии маъмурони пулис қарор гирифт. Нетаняҳу барои дарёфти тӯҳфаҳои гаронбаҳо аз ду тоҷири сарватманд муттаҳам аст. Пулиси Исроил гуфт, ки бозпурсии шаби панҷшанбеи гузашта панҷ соат тӯл кашида ва асосан дар хусуси ду парванда аз Бенямин Нетаняҳу суол шудааст. Дар ҳамин ҳол, муфаттишон нагуфтаанд, ки оё ниёз ба бозҷӯиҳои бештар ҳаст, ё на. Бори аввал рӯзи 2 январи имсол кормандони пулис ба хонаи Бенямин Нетаняҳу рафта ва тафтиши хонаи нахустазири Исроилро ба иттиҳоми фасод оғоз карданд. Кормандони пулис ба пурсишҳои хабарнигорон, ки дар назди хонаи Нетаняҳу ҷамъ омада буданд, посух надоданд, аммо расонаҳои Исроил навиштанд, ки нахуствазири ин кишвар ба гирифтани тӯҳфаҳои гаронбаҳо муттаҳам мешавад. Ба навиштаи расонаҳо, писари калонии Бенямин Нетаняҳу низ муттаҳам аст, ки бар иловаи дарёфти тӯҳфаҳои гаронбаҳо, чандин бор низ ба сафарҳои ройгон ё бепул даъват шудааст. Нахуствазири Исроил дарёфти ҳаргуна ҳадя аз сӯи ду тоҷирро рад карда ва ин иттиҳомро “беасос” хондааст.

XS
SM
MD
LG