Пайвандҳои дастрасӣ

"Тоҷикфилм" курсҳои синамогарӣ ташкил кардааст. ВИДЕО


Дар студияи "Тоҷикфилм" бори нахуст як гурӯҳи ҷавонони синамогарро барои омӯзиш ба курси кӯтоҳмуддат ҷалб намуданд. Ин ҷавонон 18 нафар буда аз миёни 43 довталаб интихоб шудаанд ва аз онҳо 4 нафарашон духтарон мебошанд. Масъулони "Тоҷикфилм" мегӯянд, ҳадаф аз баргузор кардани ин давраи омӯзишӣ, омода намудани кадрҳои миллӣ дар соҳаи филмсозӣ аст. Ин гуруҳ дар як ҳафта се рӯз ва сеҷуфтӣ аз асосҳои филмсозӣ давоми се моҳ дарс мехонанд.

Шарофат Арабова, роҳбари Мактаби филмсозони ҷавони "Тоҷикфилм", рӯзи 6-уми январ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Мо умедворем ва ҳамааш аз худи ин бачаҳо вобастааст, ки худомузӣ кунанд. Мо роҳро нишон медиҳем, онҳо бояд худашон бештар омӯзанд. Медонед, дар се моҳ омода кардани коргардоне, ки филми пурраметраж офарад, ғайриимкон аст. Вале мо метавонем бигӯем, ки филмҳои кӯтоҳро дар сатҳи хуб бояд офаранд."

Мутахассисони шинохтаи кинои тоҷик ба ин шогирдон дар марҳилаи аввал саҳнасозӣ, таърихи филмсозии ҷаҳон ва тоҷикон, сабту танзим ва дигар нозукиҳои филмсозиро таълим медиҳанд. Бахтиёр Қаҳҳоров, коргардони филмҳои тасвирӣ мегӯяд, ки муҳассилин бештар ба филмҳои баланд таваҷҷӯҳ мекунанд ва устодон кӯшиш мекунанд, он салиқае, ки дар филми тасвирӣ зарур аст, ба онҳо ёд диҳанд.

Дар миёни шунавандагони ин курсҳо касоне низ ҳастанд, ки истеъдоди худро дар филмсозӣ санҷидаанд ва иштирок дар ин дарсҳоро барои такмили донишҳои андӯхтаи худ муҳим меҳисобанд. Абдураҳим Набиев, яке аз ширкаткунандагони ин курси омӯзишӣ мегӯяд, бо вуҷуди он, ки таҷрибаи кор дар синамо ва филмсозӣ доранд, аммо дар тӯли чанд рӯзе, ки курси омӯзишӣ идома дорад, ба онҳо маълум шуд, ки ҳанӯз ҳам нозукиҳои ин соҳаро намедонанд.

Ба роҳ мондани ин курси кӯтоҳмуддати филмофаринӣ дар ҳолест, ки ин риштаи ҳунар дар Тоҷикистон аз тарафи коршиносони соҳа интиқод мешавад. Набудан ё кам будани филми баландарзишро мутахассисони соҳа дар камбуди молиявӣ ва баъзеи дигар дар набуди мутахассисон медонанд. Аммо масъулони соҳа аз ояндаи ингуна ҷавонон хушбинанд ва умед доранд, ки ширкатдорони ин давраҳои ҳунарӣ дар оянда дар офаридани филмҳои диданӣ саҳм мегузоранд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG