Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамсари рӯзноманигори гумшуда мегӯяд, ки шавҳараш зинда аст


Бюрои федеролии ИМА Сироҷидди Ҳаққониро дар ҷустуҷӯ қарор дод
Бюрои федеролии ИМА Сироҷидди Ҳаққониро дар ҷустуҷӯ қарор дод

Ҳамсари рӯзноманигори амрикоӣ Пол Оверби, ки аз нопадидшавии ӯ дар Афғонистон беш аз ду сол мегузарад, даъват кард, ки шавҳарашро озод кунанд.

Ҷейн Ларсен дар сӯҳбат бо нашрияи покистонии News interview изҳори умед кард, ки ҳамсараш зинда аст ва дар асорат ба сар мебарад. Ӯ аз рабояндагони эҳтимолӣ даъват кард, ки шавҳарашро озод кунанд.

Аммо манобеи нашрия, ки бо тундравон дар Афғонистон робита доранд, гуфтанд, ки рӯзноманигор дар байни хориҷиҳои боздоштшуда ҳузур надорад ва касе дар бораи сарнавишти ӯ чизе намедонад.

Пол Овербии 74 сола бо ҳадафе ба Афғонстон омад, ки аз он ҷо ба минтақаи марзии Вазиристони Шимолӣ ворид шавад ва бо Сироҷиддин Ҳаққонӣ - раҳбари шабакаи тундрави "Ҳаққонӣ", ки бо Толибон робита дорад, сӯҳбати матбуотӣ анҷом диҳад.

Рӯзноманигор, ки дар замони таҷовузи Шӯравӣ ба Афғонистон борҳо бо муҷоҳидони афғон мулоқот дошт, китоберо бо номи "Хуни муқаддас: нигоҳе ба ҷанги Афғонистон аз дохил" нашр кард.

XS
SM
MD
LG