Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арабҳои Аҳвози Эрон аз ҳамла ба лӯлаҳои нафт хабар доданд


Арабҳои Аҳвоз алайҳи Теҳрон тазоҳурот карданд. Акс аз бойгонӣ
Арабҳои Аҳвоз алайҳи Теҳрон тазоҳурот карданд. Акс аз бойгонӣ

Гурӯҳи ҷудоиталаби арабҳо дар Аҳвози Эрон мегӯяд, ки ду лӯларо дар қисмати ҷанубу ғарби ин кишвари ғанӣ аз нафт таркондааст. Ҷунбиши муборизаи Араб барои озодии Аҳвоз рӯзи 4 январ дар вебсайти худ навишт, ки ду рӯз пеш ҷангиёнаш дар ҳамлаҳои ҳамоҳангшуда дар минтақаи Хузистон ду лӯлаи нафтро мунфаҷир карданд.

Вазорати умури дохилии Эрон ин хабарро рад мекунад.

Ҷудоиталабҳо дар изҳороти худ гуфтаанд, ки лӯлаҳоро дар посух ба имзои созишномаи байни Теҳрон ва ширкатҳои хориҷӣ хароб карданд. Баъд аз тавофуқи Эрон бо қудратҳои ҷаҳонӣ - лағви таҳримҳо бар ивази ҷилавгирӣ аз барномаҳои ҳастаӣ, ки соли гузашта имзо шуд, Эрон ширкатҳои бузургро ба бозори худ роҳ дод.

Арабҳои Аҳвоз аз ақаллиятҳои Эрон буда, дар минтақаи Хузистони ҳаммарз бо Ироқ зиндагӣ мекунанд. Гурӯҳҳои мусаллаҳ барои мухторияти бештар ё истиқлол мубориза мебаранд ва даҳсолаҳо боз ҳамлаҳоеро алайҳи Эрон, бо шумули пойгоҳҳои нафтии он пиёда мекунанд.

XS
SM
MD
LG