Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бишкек аз расонаҳои Туркия талаб кард, ки узр пурсанд


Пулиси Туркия баъди ҳамла ба Reina
Пулиси Туркия баъди ҳамла ба Reina

Мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфтанд, ки Яҳё Машрабов, шаҳрванди ин кишварро дар ҳамлаи ахири Истанбул гумонбар намедонанд. Ба гуфтаи масъулони ин ниҳод, Машрабов шаби 1 январ, замони рух додани ҳодиса дар Қирғизистон буд. Дар пайи нашри акси шиносномаи Машрабов дар интернет Кумитаи амнияти Қирғизистон ӯро даъват карда, баъди бозпурсӣ раҳо намуд.

Дар ҳамин ҳол, консулгарии Қирғизистон дар Истанбул аз расонаҳои Туркия, ки Машрабовро ҳамчун гумонбари ҳамла ба клуби шабонаи Рейна муаррифӣ карданд, тақозо кардааст, то раддия чоп кунанд. Консулгарӣ мегӯяд, бо масъулини нашрияҳои "TRT World", "Йени Шафақ" ва "Ҳуррият" тамос гирифта, аз онҳо талаб кардааст, бо нашри раддия узр пурсанд.

Қаблан як қатор расонаҳои туркӣ бо истинод ба манобеи худ дар пулис иттилоъ доданд, ки эҳтимол ба клуби Истанбул шаҳрванди Қирғизистон ё Узбакистон ҳамла кардаанд. Баъдан дар интернет акси шиносномаи Машрабов нашр шуд, ки расонаҳо гуфтанд, ӯ гумонбари ҳамлаи ахири Истанбул аст. Шаби 31 декабр ба 1 январ шахси номаълуме корманди пулисро дар даромадгоҳи Рейна ба қатл расонда, баъди вориди толор шудан ба сӯи садҳо муштарии клуб оташ кушод, ки дар натиҷа 39 нафар кушта ва 69 тани дигар захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG