Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ассанҷ гуфт, ки пайғомҳои Ҳизби демократро аз Русия нагирифтаст


Ҷулиан Ассанҷ, бунёдгузори Wikileaks, рӯзи 3 январ дар сӯҳбат бо шабакаи телевизионии Fox News бори дигар аз Русия дарёфт кардани ҳазорҳо пайғоми Ҳизби демократи Амрикоро рад кард. Ассанҷ аммо ба суоли инки санадҳои рахнашудаи Ҳизби демократ ва раҳбари маъракаи интихоботии Ҳилларӣ Клинтон, Ҷон Подестаро аз куҷо дарёфт кард, рӯшанӣ наандохт. Бунёдгузори Wikileaks аз соли 2012 ба сафоратхонаи Эквадор дар Лондон паноҳ бурдааст.

Wikileaks дар ҷараёни маъракаи интихоботии Амрико санадҳоеро нашр кард, ки ба маълумоти истихбороти Иёлоти Муттаҳида, талоши Маскав барои кумак дар пирӯзии рақиби Клинтон аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп буд, ки интихоботро бурд. Аммо Ассанҷ манбаи санадҳо будани Русияро пофишорона рад мекунад.

Ассанҷ дар посух ба ин суол, ки оё рахна шудани имейлҳои Ҷон Подеста ва Ҳизби демократ ба пирӯзии Трамп дар интихоботи моҳи ноябр саҳм гузоштаанд, гуфт, "кӣ медонад? Гуфтани ин ғайриимкон аст".

XS
SM
MD
LG