Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

С5+1 дар меҳвари баррасиҳои Аслов ва Миллард


Акс аз саҳифаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон
Акс аз саҳифаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон

Дар мулоқоти вазири умури хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ва сафири Амрико дар Душанбе Элизабет Миллард мавзӯи ҳамкориҳо дар бахши амният, Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо, маҳфили С5+1 ва масоили дигар дар миён буд. Сафорати Амрико дар Душанбе дар хабарномае навишт, ин мулоқот рӯзи 4 январ дар Душанбе дар остонаи таҷлили 25-умин солгарди равобити дипломатии байни Амрикову Тоҷикистон баргузор шуд.

Иёлоти Муттаҳида яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон ба шумор рафта, ду кишвар дар бахшҳои амният, мубориза бо терроризм, маорифу фарҳанг ва беҳдошт ҳамкориҳои наздик доранд. Дар давоми ин солҳо Вашингтон ба Душанбе дар ҳаҷми беш аз 1 миллиард доллар кумак кардааст. Дар ду соли охир ҳамкориҳои дипломатии ИМА бо Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби маҳфили "С5+1​" ҳам густариш меёбад. Ин маҳфил аз мулоқоту сӯҳбатҳои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви гурӯҳ иборат аст.

Бори охир сӯҳбатҳои Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико, бо ҳамтоёни минтақавиаш моҳи декабр дар Ҳамбурги Олмон дар ҳошияи нишасти САҲА сурат гирифт ва котиби давлатии ИМА аз хатари афзоиши “популизми авторитарӣ” дар бархе кишварҳои узви САҲА ҳушдор дод".

XS
SM
MD
LG