Пайвандҳои дастрасӣ

Ораш Содиқӣ баъди раҳоии ҳамсараш гуруснанишиниро қатъ кард


Ораш Содиқӣ, фаъол ва маҳбуси эронӣ, баъди раҳоии ҳамсараш гуруснанишиниро қатъ кардааст. Содиқӣ бо эътироз ба боздошти ҳамсараш Гулрух Иброҳимӣ, нависанда ва ҳомии ҳуқуқ аз 24 октябри соли 2016 ба ин сӯ гуруснанишинӣ эълон карда буд.

Худи Иброҳимӣ гуфтааст, ки ӯро 3 январ муваққатан бар ивази замонат озод карданд. Ин нависандаро моҳи октябри соли гузашта барои навиштани таърихи таҷрибаи сангсор дар Эрони имрӯза, ки ҳанӯз чоп нашудааст, боздошт карда буданд. Дертар ӯ дар тавҳин ба "муқаддасоти исломӣ" ҳангоми мурофиаи додгоҳӣ, ки Amnesty International онро "ноодилона" хонд, айбдор шуд. Гулрух Иброҳимӣ афзуд, ки тавонистааст дар зиндон бо шавҳараш мулоқот кунад. Ба гуфтаи ӯ, Ораш Содиқӣ ба иллати гуруснанишинии думоҳа дар вазъи хеле бад қарор дорад.

Ҷонибдорони Содиқӣ бо роҳандозии як қатор маъракаҳои онлайнӣ аз вазъи саломаташ нигаронӣ карда, 2 январ даҳҳо нафар дар назди зиндони Эвини Теҳрон бо талаби раҳоии ӯ даст ба тазоҳурот заданд.

Ораш Содиқӣ донишҷӯи факултаи фалсафа аст, ки бо айби "тавтиа зидди амнияти миллӣ, таблиғоти зиддидавлатӣ, паҳни иттилои дурӯғ дар фазои маҷозӣ ва таҳқири асосгузори ҷумҳурии исломӣ Оятуллоҳ Ҳумайнӣ" 15 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG