Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақоми нави Шарифзода ва барканории раиси Додгоҳи Суғд


Фаррух Шарифзода сафири нави Тоҷикистон дар Туркманистон таъин шудааст. Дар ин бора рӯзи 3 январ фармони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид. Шарифзода то моҳи июни соли гузашта намояндаи расмии кишвар дар Туркия буд ва дар ин мақом панҷуним сол фаъолият дошт. Сафири собиқи Тоҷикистон дар Туркманистон Маҳмудҷон Собиров тобистони гузашта ба сабаби ба нафақа баромадан аз мақомаш озод гардида буд. Рӯзи 3 январ бо фармони дигари раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Анварҷон Иброҳимзода аз мақоми раиси Додгоҳи вилояти Суғд барканор шудааст. Иллати барканории Иброҳимзода маълум нест.

XS
SM
MD
LG