Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон 29 ширкати Аврупо ва Осиёро ба музояда хонд


Эрон рӯйхати 29 ширкати Аврупо ва Осиёро таҳия кард, ки дар тавсеаи майдонҳои нафту гази ин кишвари ғанӣ аз энержӣ саҳм мегиранд. Вазорати нафти Эрон рӯзи 3 январ гуфт, Ширкати миллии нафт базудӣ музоядаеро барои истихроҷ ва истеҳсоли нафту газ эълон мекунад. Ин имконият ба Эрон баъди имзои созиши ҳастаӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ фароҳам шудааст. Созиши таърихӣ таҳримҳо алайҳи Эронро дар ивази ҷилавгирӣ аз барномаи зиддунақизи ҳастаияш лағв кард.

Ширкатҳои аврупоӣ, ки Вазорати нафти Эрон онҳоро тасдиқ кардааст, аз ширкати Англо-Ҳолландии Shell, EIN-и Италия, Total-и Фаронса, Gazprom ва "LUKoil"-и Русия иборатанд. Аз кишварҳои осиёӣ "Japan Petrolium Exploration", Petronas-и Малайзия ва ду ширкати Кореяи Ҷанубӣ ба рӯйхати Вазорати нафти Эрон ворид шудаанд.

Эрон бо ширкатҳои байналмилалӣ созишномаҳои муқаддамотӣ имзо кардааст. Total бо Эрон моҳи ноябри соли гузашта ба маблағи ҳудудан 5 миллиард доллар дар тарҳи майдонҳои Порси Ҷанубӣ қарордоди пешакӣ имзо кард. Миёнаҳои моҳи декабр Gazprom барои тавсеаи ду майдони асосии нафт бо Эрон ба созиш расид.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG