Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндаи Трамп: Исботи таъсири Русия ба интихобот мавҷуд нест


Шон Спайсер, намояндаи Доналд Трамп, рӯзи 2 январ дар шабакаи телевизионии Fox News гуфт, ҳеҷ далел дар бораи таъсири рахнагарии Русия ба натиҷаи интихобот вуҷуд надорад. Ӯ гуфт, натиҷагирии осемасарона, ҳатто бо вуҷуди гузоришҳо дар бораи шикастани почтаҳои электронӣ, бемасъулиятӣ мебуд. Спайсер гуфт, дар гузориши Хадамоти истихборот сухун аз ин аст, ки Ҳизби демократ компютерҳои худро ба таври зарурӣ ҳифз накард, на таъсири Русия ба натиҷаи интихобот.

Президенти мунтахаби Амрико Доналд Трамп рӯзи 20 январ расман ба фаъолият оғоз мекунад ва Шон Спайсер сухангӯи раиси ҷумҳур эълон мешавад. Спайсер гуфт, ки Трамп бо гузориши истихборот дар охири ҳафта ошно мешавад.

Раиси ҷумҳури феълӣ Барак Обама 35 дипломати Русияро ҳамчун гумонбарони тарҳрезии ҳамлаҳои ҳакерӣ аз қаламрави Амрико хориҷ ва алайҳи ду оҷонсии истихборотии Русия таҳрим ҷорӣ кард. Ба маълумоти намояндагони итихбороти Иёлоти Муттаҳида, дахолати рахнагарони Русия ба пирӯзии номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар интихоботи моҳи нобяр кумак кардааст.

XS
SM
MD
LG