Пайвандҳои дастрасӣ

Дар паи як ошӯбе дар зиндони шаҳри Манауси воқеъ дар ҷангалҳои Амазон, 60 нафар кушта шуд. Дар ин бора мақомоти Бразилия хабар доданд. Ин ошӯб рӯзи 1 январ сар зад, гуфт раиси зиндонҳои ин кишвар Педро Флоренсио. Раиси амнияти аёлати Амазон дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки эҳтимолан шумори қурбониҳо боз ҳам афзоиш ёбад, чунки ин ошӯб дар паи ихтилофи шадиде миёни гурӯҳҳои қочоқбари маводи мухаддир сар зад. Ошӯбҳо як падидаи маъмул дар зиндонҳои Бразилия мебошад. Дар маҷмӯъ дар зиндонҳои Бразилия 600 ҳазор маҳбус нигаҳдорӣ мешавад ва ин кишвар чорумин давлати азимтарини дорои зиндониҳо дар ҷаҳон будааст. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар аз шароити бади зиндонҳои Бразилия интиқод мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG