Пайвандҳои дастрасӣ

Риёли Эрон дар муқобили доллар шадидан поён рафт


Дар пасманзари коҳиши рекордии риёл, пули милли Эрон дар муқобили доллар, Ҳасан Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон ба мардум гуфт, ки ҳукумат барои ҳифзи эътидол дар бозори кишвар талош мекунад.

"Ман ба вазъи иқтисодии кишвар хушбин ҳастам ва...мехоҳам ба мардум итиминон бидиҳам, ки болоравии арзҳои хориҷӣ идома намёбад"- гуфт Рӯҳонӣ рӯзи 1 январ дар сӯҳбати телевизионӣ.

Шарҳи Ҳасан Рӯҳонӣ дар пешорӯи маъракаи савганди раиси ҷумҳури мунтахаби Амрико Доналд Трамп, дар таърихи 20 январ ва дар пасманзари ин нигарониҳо пахш шуд, ки эҳтимолан маъмурияти Трамп дар робита бо Эрон аз лаҳни шадидтар кор бигирад.

Трамп борҳо созиши қудратҳои ҷаҳонӣ бо Эронро, яъне лағви таҳримҳо бар ивази ҷилавгирӣ аз барномаҳои ҳаставии ин кишварро танқид кард ва таҳдид кард, ки онро бекор мекунад.

Рӯҳонӣ ба тамошбинони телевизион гуфт, ки қиммати арзҳои хориҷӣ дар муқобили риёл "дар сатҳи кунунӣ боқӣ намемонад".

Баъди сӯҳбати телевизионии Раиси Бонки Миллӣ Валиоллоҳ Сайф, ки гуфт 36 000 риёл баробар ба 1 долларро қиммати "воқеӣ" арзёбӣ мекунад, вазъи риёл каме рӯ ба беҳбудӣ овард.

Ҳасан Рӯҳонӣ соли 2013 ба қудрат расид ва қарор аст, ки моҳи май дубора барои мақоми президентӣ вориди сабқат шавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG