Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Соли 2016: Ҳудуди 100 нафар дар маҳбас ҳалок шуданд


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар соли 2016 дастикам 100 нафар дар маҳбасу боздоштгоҳҳои Русия ҳалок шуданд. Дар ин бора созмоне бо номи "Русская эбола" хабар додааст, ки маъмулан дар бораи маргу мири зиндониҳо гузориш пахш мекунад.

Дар бисёр маврид мақомот дар гузоришҳои худ сабаби ҳалокати зиндониҳоро ҳамчун "худкушӣ" ва "якбора бад шудани аҳволи маҳбус" сабт мекунад. Мақомоти ҳифзи тартибот дасти кам марги 80 нафарро ба ҳамин шева тавҷеҳ кардаанд, ки ҷавонтарини онҳо 17 ва бузургтарини онҳо 66 сол дошт.

Ба гуфтаи созмони "Русская эбола", соли 2015 дар идораҳои пулис, боздоштгоҳҳо ва зиндони ҳабси пешакӣ ҳудудан 200 нафар ҳалок шудаанд.

XS
SM
MD
LG