Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 8 нафар аз фурӯпошии биное дар Қазоқистон


Қазоқистон - бинои фурӯрафта дар шаҳраки Шоҳон
Қазоқистон - бинои фурӯрафта дар шаҳраки Шоҳон

Мақомоти Қазоқистон мегӯянд, ки дар пайи қисман фурӯравии як бинои истиқоматӣ дар шаҳраки Шоҳони вилояти Қарғанда, 200 километрии Остона дастикам 8 нафар кушта шуданд.

Вазорати дохилии Қазоқистон гуфт, ки сохтмон рӯзи 2 январ фуру рафт аммо сабабшро шарҳ надод.

Гурӯҳҳои наҷот дар ҷойи ҳодиса кор мекунанд ва мақомот мегӯянд, ки эҳтимолан теъдоди кушташудаҳо бештар аз 8 нафар аст. Наҷотдиҳандаҳо чаҳор нафар, бо шумули 2 кӯдакро аз зери оворҳо берун оварданд.

XS
SM
MD
LG