Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Франсуа Олланд гуфт, ки ба Ироқ меравад


Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса, рӯзи 2 январ ба Ироқ хоҳад рафт. Вай рӯзи шанбе ҳангоми паёми солинавиаш ба марудми Фаронса гуфт, мехоҳад низомиёни кишварашро, ки дар Эътилофи таҳти раҳбарии Амрико дар Ирқо ҳастанд, бо Соли нав табрик гӯяд. «Ҳанӯз мубориза бо терроризм поён наёфтааст. Мубориза идома хоҳад кард», - гуфт Франсуа Олланд ва афзуд, «рисолати низомиёни мо низ аз буданашон дар Мали, Сурия ва Ироқ низ ҳамин аст.»

XS
SM
MD
LG