Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 93 журналист дар як сол дар ҷаҳон


Павел Шеремет моҳи июли имсол кушта шуд

Дар як соли гузашта дар гӯшаҳои мухталифи ҷаҳон 93 корманди расонаҳо кушта шудаанд. Масъулони Федератсияи байналмилалии журналистон гуфтанд, бисёре аз ин хабарнигорон ҳангоми адои вазифа дар Ироқу Афғонистон, Мексика, Яман ва Сурия қурбон шуданд. Дар ин қатор исми Павел Шеремет, корманди "Ҳақиқати Украина" ҳам дарҷ шудааст. Соли 2015 дар ҷаҳон 112 журналист кушта шуда буд. Филипп Лерут, президенти Федератсияи байналмилалии журналистон, рӯзи 31 декабр гуфт, аз ҳамагуна коҳиши хушунат алайҳи хабарнигорон истиқбол мекунад, аммо ҳамзамон афзуд, "ин омор ва ҳамлаҳо алайҳи журналистон моро ором гузошта наметавонад".

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG