Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин: Димишқ ва мухолифин ба созиш расиданд


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, аз созиши ҷонибҳо барои музокироти сулҳи Сурия хабар дод. Дар мулоқот бо раҳбарони вазоратҳои умури хориҷӣ ва дифоъ Путин гуфт, миёни ҳукумати Сурия ва мухолифини мусаллаҳ се санад - санади оташбас, тадобири назорат ба иҷрои оташбас ва омодагӣ барои оғози музокироти сулҳ - ба имзо расид. Путин созиши ба даст омадаро "бисёр шикананда" унвон кард.

Қабл аз ин, вазири умури хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу гуфт, Туркия ва Русия умед доранд, ки оташбаси саросарӣ дар Сурия то фарорасии Соли Нав барқарор шавад. Човушоғлу рӯзи 29 декабр ба шабакаи телевизионии "AHabar" гуфт, оташбасе, ки ду кишвар мехоҳанд амалӣ кунанд, ҳар лаҳза метавонад ҷорӣ шавад ва Русияву Сурия ҳадаф доранд кафили он бошанд.

Вазири Туркия гуфт, "ҳоло ниҳоӣ нашудааст, ки Эрон ба ҳайси кафил ба он имзо мегузорад ё хайр", аммо афзуд, Анкара бо президенти Сурия Башор Асад музокирот намекунад. Човушоғлу дар идома ба шабакаи телевизионии "AHabar" гуфт, ки ҳамаи ҷангиёни хориҷӣ, бо шумули гурӯҳи шиамазҳаби "Ҳибуллоҳ"-и Лубнон, "бояд аз Сурия берун шаванд".

Видеоҳои охирин

Сокини Данғара дар талоши дастдарозӣ ба сайёҳи хориҷӣ гумонбар шуд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:01:43 0:00

Озодӣ дар iOS ва Google Play

XS
SM
MD
LG