Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе намоиши молу колои Узбакистон доир мешавад


Тоҷикистону Узбакистон барои баргузории намоишгоҳи маҳсулоти корхонаҳои ду кишвар тавофуқ кардаанд. Бар асоси тавофуқи бадастомада намоиши молу маҳсулоти Узбакистон дар Душанбе моҳҳои марту апрел ва намоиши ҳамсони молу колоҳои Тоҷикистон дар Тошканд моҳҳои август ва сентябри соли 2017 баргузор мешаванд. Тибқи иттилои расмӣ, рӯзи 28 декабр дар поёни чаҳорумин нишасти Кумиссюни байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодии Тоҷикистон ва Узбакистон дар бораи баргузории ин намоишгоҳҳо миёни Вазорати муносибатҳои иқтисоди хориҷӣ, сармоя ва савдои Узбакистон ва Палатаи савдои Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расидааст. Ҷаласаи чаҳоруми Кумиссюни байниҳукуматӣ рӯзҳои 27-28 декабр дар Душанбе баргузор шуд. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин гуфтугӯҳо муовини аввали сарвазир Давлаталӣ Саид ва ҷониби Узбакистонро муовини нахуствазири он кишвар Рустам Азимов раҳбарӣ карданд. Қарор аст, даври дигари ин гуфтугӯҳо соли оянда дар Тошканд баргузор шавад.

XS
SM
MD
LG