Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

8 мақомдор барои маҷбурӣ ба саҳро бурдани сокинон ҷазо гирифтанд


Дар поёни мавсими ҷамъоварии пахтаи имсола дар Узбакистон 3 мудири мактаб, 2 мудири омӯзишгоҳи касбӣ, 2 раиси хоҷагии деҳқонӣ ва як сардухтур барои маҷбурӣ ба пахтачинӣ баровардани кормандонаш ва афроди ноболиғ ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шудаанд.

Мардум тавассути тамоси боварии идораи нозироти вазорати меҳнати он кишвар аз кори маҷбурӣ шикоят кардаанд.

Вазорати меҳнати Узбакистон чанд масъули дигарро барои истифодаи меҳнати маҷбурии кӯдакон огоҳӣ додааст. Пеш аз мавсими ҷамоъоварии ҳосили пахта, мақомоти Узбакистон дар саросари он кишвар тавассути тоблуҳо мардумро огоҳ карда буданд, ки касе ҳақ надорад онҳоро ба кори иҷборӣ водор кунад.

XS
SM
MD
LG