Пайвандҳои дастрасӣ

Истеъфои муовини раиси порлумони Қирғизистон


Нурбек Олимбеков, муовини раиси порлумони Қирғизистон, аз мақоми худ истеъфо додааст. Вай ин тасмими худро ҳангоми ҷаласаи 28 декабри порлумони кишвараш эълон кардааст.

Ба гуфтаи Олимбеков, ӯ дар доираи як сафари шахсӣ аз рӯзҳои 16 - 22 декабри соли равон аз Тайван боздид кардааст. Ин гуна сафарро муовини раиси порлумони Қирғизистон то ба ҳол ду бор анҷом додааст. "Бо қарори кумитаи умури байналмилалӣ, дифоъ ва амнияти порлумон харҷи сафар пешбинӣ нашуда буд ва мо бо намояндагони мақомоти расмии Тайван, албатта, мулоқот доштем, вале ҳеч гуна санади расмиро баррасӣ накардаем", - афзудааст вакил.

Ба гуфтаи ӯ, бо сабабҳои номаълум ВАО-и Тайван ин мулоқоти шахсии ӯро бозтоб кардаанд. "Вохӯриҳо аслан рабте ба сиёсати хориҷии Қирғизистон надоштанд. Мо бояд ба беҳтар гардондани муносибатҳои Пекину Бишкек таваҷҷуҳ кунем. Манфиатҳои кишвар барои мо аз ҳама болост ва аз ин рӯ, тасмим гирифтем, ки истеъфо диҳем", - изҳор доштааст Олимбеков.

Баъди сафари мазкур Чинибой Турсунбоев, раиси порлумони Қирғизистон низ маҷбур шуд, ба шарҳи қазия пардозад. Вай гуфт, бар пояи иттилои сафорати Чин дар Бишкек, 21 декабри соли равон ҳайати порлумони Қирғизистон ба раҳбарии Олимбеков бо ҳамтоёни худ аз Тайван дидор ва гуфтугӯ кардаанд. "Ин вохӯрӣ хилофи мавқеи расмии Қирғизистон дар робита ба "масъалаи Тайван" аст, ки дар тамоми санадҳои муҳими калидии дуҷониба қайд шудааст", - афзудааст раиси порлумони Қирғизистон.

Турсунбеков қарордод дар бораи ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкориҳои кишварашро бо Чин ёдовар шудааст, ки соли 2002 имзо шуда буд. Дар ин қарордод омадааст, ки ҷониби Қирғизистон зидди ҳама гуна талошҳо барои ташкили "Чини дувум" ё "Чини дигару Тайвани дигар" аст. Ин дар ҳолест, ки қарор аст ибтидои январи соли 2017 Алмосбек Отамбоев, президенти Қирғизистон аз Чин боздид кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG