Пайвандҳои дастрасӣ

"РУСАДА" сӯҳбати раҳбари худро "таҳрифшуда" номид


Оҷонсии зиддидопинги Русия гуфт, ки сӯҳбати Анна Антсилевич, раҳбари ин ниҳод, бо нашрияи The New York Times таҳриф ва хориҷ аз матн истифода шудааст.

Антсилевич дар сӯҳбат бо нашрия истифодаи допингро аз тарафи варзишгарон "ҳиллаи ниҳодӣ" унвон кард. Аммо Оҷонсии зиддидопинги Русия мегӯяд, раҳбари ин ниҳод танҳо мехост бигӯяд, ки дар бахши дувуми гузориш коршиноси мустақил Ричард Макларен калимаи "системаи давлатии допинг" истифода нашудааст, ки ба гуфтаи Антсилевич эҳтимоли даст доштани мақомоти баландпояро рад мекунад.

Оҷонсии зиддидопинги Русия, инчунин, мегӯяд, хабарнигори The New York Times суханони Анна Атсилевичро аз матн канда ва ин таассуротро ба вуҷуд овардааст, ки Русия мавҷудияти системавии допингро эътироф кардааст. Пештар аз ин, сухангӯи Кремлин низ ба дурустии изҳороти Анна Антсилевич шубҳа кард ва даъват намуд, ки суханони ӯ санҷида шаванд.

Оҷонсии байналмилалии зиддидопинг ду гузоришро дар бораи допинг дар варзиши Русия нашр кард. Ричард Макларен баъди таҳқиқ ба ин натиҷа расид, ки мақомоти варзиши Русия дар ин ҳиллаҳо даст доранд.

Маскав иттиҳомро рад мекунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG